ПРОТОКОЛИ АЛОҚА
Пойгоҳи дониш: 19 посух ба саволҳои маъмултарин.
Агар интернет набошад, чӣ бояд кард?
1. Барқи модем ва нишондиҳандаҳои Wi-Fi/LTE-ро санҷед.
2. Бақияро дар Кабинети инфиродӣ санҷед. Агар сомонаи intercom.tj кушода шавад, вале дигар сайтҳо не — бақия тамом шудааст.
Муҳим: Барои кори интернети бемаҳдуди шабона бақия бояд мусбат бошад.
2. Бақияро дар Кабинети инфиродӣ санҷед. Агар сомонаи intercom.tj кушода шавад, вале дигар сайтҳо не — бақия тамом шудааст.
Муҳим: Барои кори интернети бемаҳдуди шабона бақия бояд мусбат бошад.
Чӣ бояд кард, агар мавҷ паст шавад?
Модемро ба тиреза ё ошёнаи болотар гузоред. Дастгоҳро хомӯш ва фаъол кунед, то ба пойгоҳи наздиктар пайваст шавад. Ҳангоми зичии баланди биноҳо, насби антеннаҳои берунаи 14/19 dBi тавсия дода мешавад.
Чаро суръати интернет паст шуд?
Боргириҳои пинҳонӣ (обновления) дар ҳамаи дастгоҳҳоро санҷед. Корбарони зиёдатиро ҷудо кунед. Агар шабака 100% банд бошад (дар омори модем дида мешавад), тавсия медиҳем ба тарофаи баландсуръат гузаред.
Ба Wi-Fi бегонагон пайваст шудаанд?
Рамзро фавран иваз кунед. Инро тавассути дастгирии техникӣ ё мустақилона кардан мумкин аст: дар браузер ба суроғаи модем дароед (одатан 192.168.150.1), бахши Network > WLAN Settings. Рамзи мураккаб истифода баред.
Бақия сифр аст, чӣ кор кунам?
Шумо метавонед хизматрасонии «Пардохти боварӣ»-ро то 20 сомонӣ истифода баред. Барои фаъолсозӣ ба мессенҷерҳои дастгирӣ нависед ё занг занед.
Агар суръат кифоя набошад?
Лозим аст, ки тавассути Кабинети инфиродӣ ё дар идора ба тарофаи баландсуръат гузаред.
Дар куҷо пардохт кардан мумкин аст?
Идораҳо дар ш. Душанбе:
1. Саридораи марказӣ: к. М. Турсунзода 53 (221-70-95) (221-34-52)
1. Саридораи марказӣ: к. М. Турсунзода 53 (221-70-95) (221-34-52)
Чӣ тавр бақия ва оморро санҷам?
Тафсилот, бақияи ҷорӣ ва идоракунии хизматрасониҳо дар Кабинети инфиродӣ дар сомона дастрас аст.
Чанд дастгоҳро пайваст кардан мумкин?
Аз ҷиҳати техникӣ — то 32 дастгоҳ. Аммо дар хотир доред: суръати тарофаи шумо байни ҳама тақсим мешавад. Ҳар қадар дастгоҳ зиёд бошад, суръати ҳар кадомаш ҳамон қадар пасттар мешавад.
Оё пеш аз харид санҷидан мумкин аст?
Бале. Шумо маблағи гарави модем, ки 795 сомонӣ аст ва 20 сомонӣ барои фаъолсозиро пардохт мекунед. Баъдан 2 рӯз истифода мебаред, агар маъқул нашавад — таҷҳизотро бармегардонед ва мо гаравро ба Шумо бозпас медиҳем.
Агар интернет муваққатан лозим набошад?
Танҳо бақияро пур накунед. Дар назар дошта бошед: истифода набурдан зиёда аз 3 моҳ метавонад ба қатъи шартнома ва аз даст додани рақам (симкорт) оварда расонад.
Давраи ҳисоб чист?
Ин моҳи тақвимӣ ё 30 рӯз аст (вобаста ба тарофа). Агар ҳисоб баста шуда бошад, пардохт онро фавран фаъол мекунад.
Чӣ тавр тарофаи худро фаҳмам?
Маълумоти пурра дар саҳифаи асосии Кабинети инфиродии корбар нишон дода мешавад.
Оё IP-и сафед ё VPN имконпазир аст?
Бале, мо суроғаи IP-и воқеии ҷудошударо пешниҳод мекунем. Арзиши хизматрасонӣ — 223 сомонӣ дар як сол.
Чаро суръати боргирӣ паст аст?
Тарофа — ин паҳнои шабака аст. Ба суръати воқеӣ таъсир мерасонанд: халалҳои Wi-Fi, масофа аз роутер, сарбории сервери дурдаст ва сигнали LTE. Дар таҳхонаҳо ва ҳуҷраҳои бе тиреза суръат ҳамеша пасттар аст.
Кай пардохт кунам?
Дар вақти дилхоҳ, ғайр аз давраи аз 00:00 то 07:00. Шабона пардохтҳо ба таври худкор фаъол намешаванд. Тавсия медиҳем, ки ҳисобро пешакӣ, то нисфишабӣ пур кунед.
Чаро дар 00:00 ва 07:00 алоқа қатъ мешавад?
Ин гузариши техникии биллинг ба реҷаи шабона (ройгон) ва баръакс мебошад. Қатъшавӣ ҳамагӣ 20–30 сония давом мекунад.
Оё ғайринақди пардохт кардан мумкин?
Бале, суратҳисобҳо дар шартнома оварда шудаанд. Пас аз гузаронидан ҳатман ба дастгирии техникӣ хабар диҳед. Барои ҳисоб-фактураҳо ба муҳосибот занг занед: 2217095.
Оё бақайдгирии домен ва хостинг ҳаст?
Бале. Бақайдгирии домен дар минтақаи .TJ/.COM/.RU — 251 с./сол.
Хизматрасониҳои хостинг низ дастрасанд, тарофаҳоро дар бахши Хостинг нигаред.
Хизматрасониҳои хостинг низ дастрасанд, тарофаҳоро дар бахши Хостинг нигаред.