ОПЕРАТОР АЗ СОЛИ 1999
INTERCOM.TJ: Таърих, шарикон ва инфрасохтори муосири мо.
🚀 ТАЪРИХ ВА ШАРИКОН
INTERCOM — провайдери интернет ва IP-телефония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бозори телекоммуникатсия аз соли 1999 фаъолият мекунад.
Аз оғози фаъолияти худ INTERCOM барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафта дар соҳаи телекоммуникатсия ва технологияҳои компютерӣ заминаи мустаҳкам гузоштааст, аз ҷумла: Dialogic Corporation, Comptek, Ростелеком, МТТ (Россия), DENTEL GMBX (Олмон), P-COM (ИМА), Terrasat comunications (ИМА), ADVANTECH, Advanced Microwave Technologies, Inc. (Канада), SES-NEWSKIES SATELLITES (Ҳолланд), ISKRATEL (Словения), Baicells Technologies (Чин) ва дигар намояндагони соҳа.
ШАБАКА ВА ФАРОГИРӢ
Аз соли 2017 ширкати Интерком сохтмони шабакаи алоқаи бесими 4G LTE-ро дар асоси қарорҳои комплексии ширкатҳои пешбари телекоммуникатсионӣ оғоз намуд. Дар ҳоли ҳозир шабака бомуваффақият дар шаҳрҳои: Душанбе, н. Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Бохтар, Хуҷанд, Бӯстон фаъолият мекунад. Дар ояндаи наздик васеъ кардани минтақаи фарогирӣ ба нақша гирифта шудааст.
Оператор Интерком, ки дорои иҷозатномаҳои алоқа ва захираи басомадҳо мебошад, пайваста хизматрасониҳоро такмил дода, технологияҳои наверо пешниҳод менамояд, ки ба талаботи охирини бозори телекоммуникатсионӣ ҷавобгӯ мебошанд.